Намояндаи Тоҷикистон дар вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии АБНА оид ба ҳамкории техникӣ иштирок намуд
17 сентябри соли 2026 дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Маркази байналмилалии Вена вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Барномаи ҳамкории техникии АБНА иштирок менамоянд, баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинӣ ҳамоҳангсози миллӣ, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода намояндагӣ намуд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунии татбиқи Барномаи ҳамкории техникии АБНА, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо давлатҳои узв, омодасозии лоиҳаҳои нав, инчунин роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории техникӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори генералии АБНА, роҳбари Департаменти ҳамкории техникии АБНА Хуа Лю ба иштирокчиён муроҷиат намуд. Дар кори вохӯрӣ инчунин иҷрокунандаи вазифаи директори Шуъбаи ҳамкории техникӣ барои Аврупои АБНА Ҷин Чжан иштирок намуд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии вохӯрӣ баррасии раванди татбиқи Барномаи амалкунандаи ҳамкории техникӣ дар соли 2026 буд. Маълумоти дахлдорро ба иштирокчиён роҳбари бахши Шуъбаи ҳамкории техникӣ барои Аврупои АБНА Сандра Стейскал пешниҳод намуд.
Ба омодасозии даври нави барномавӣ барои солҳои 2028–2029 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Корманди Шуъбаи ҳамкории техникӣ барои Аврупои АБНА оид ба идоракунии барномаҳо Маюми Ямамото дар бораи раванди таҳияи пешниҳодҳои нави лоиҳавӣ ва равишҳои ташаккули онҳо маълумот пешниҳод намуд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои такмили минбаъдаи ҳамкории техникӣ бо АБНА аҳамияти хос доранд. Ин бо дарназардошти доираи васеи лоиҳаҳои амалишаванда ва ба нақша гирифташуда дар самтҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ, амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ, рушди иқтидори илмӣ-техникӣ ва озмоишгоҳӣ, инчунин омодасозии кадрҳои миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони давлатҳои узв оид ба татбиқи амалии лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои таҳияи ташаббусҳои нав бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои рушди устувор мубодилаи афкор намуданд.
Яке аз масъалаҳои дигари рӯзномаи вохӯрӣ муаррифии фаъолияти АБНА дар соҳаи энергетикаи термоядроӣ буд. Бо маърӯза оид ба ин масъала мутахассиси АБНА дар соҳаи физикаи плазма ва синтези термоядроӣ Маттео Барбарино баромад намуд.
Ҳамчунин барои иштирокчиён ҷаласаи махсус оид ба ҷанбаҳои ахлоқии идоракунии лоиҳаҳо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа корманди АБНА оид ба масъалаҳои ахлоқӣ Амани Ханна ва мушовир оид ба масъалаҳои ахлоқӣ Исидора Скокнич маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Дар доираи муҳокимаи умумӣ иштирокчиён масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории техникӣ, таҳияи пешниҳодҳои босифати лоиҳавӣ, устувории натиҷаҳои бадастомада ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории байни АБНА ва ҳамоҳангсозони миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ идомаи фаъолияти пайгиронаи кишвар дар самти густариши ҳамкорӣ бо АБНА ва истифодаи самараноки имкониятҳои Барномаи ҳамкории техникӣ барои татбиқи технологияҳои муосири ядроӣ ва технологияҳои вобаста ба онҳо ба манфиати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Ҷониби Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи лоиҳаҳои амалигароёнаи АБНА, ки омодасозии мутахассисон, дастгирии коршиносӣ, интиқоли технологияҳои муосир, муҷаҳҳазсозии муассисаҳо ва озмоишгоҳҳои соҳавӣ, инчунин таҳкими иқтидори миллии илмӣ-техникиро пешбинӣ менамоянд, ҳавасмандии худро изҳор намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор ва ҷаласаи саволу ҷавоб баргузор гардид, ки дар ҷараёни он намояндагони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкорӣ бо Департаменти ҳамкории техникии АБНА-ро баррасӣ намуданд.